Душанбе: 2008. — 198 саҳ.
Китоб бо баёни ҷанбаҳои гуногуни фаризаи ҳаҷ, нақши онро дар сохтани шахсияти имонии инсон ба таври равшане бозгӯ менамояд. Фаризаи ҳаҷ шахсияти инсонро дар мактаби арзишҳои худ амалан парвариш дода, ӯро бо анҷоми шаъоири хоссе дар ҷодаи худсозӣ қарор медиҳад. Мафҳумҳои воло ва нуҳуфтаҳои маънавии ин маъракаи азими илоҳӣ замири инсони озодаро зери шуъои асрори худ қарор медиҳад.
Бо дарназардошти ниёзи мубрами ҷомеъа ба шинохти дурусти арзишҳои инсонӣ ва мафоҳими олии ин фаризаи илоҳӣ ин китоб пас аз бозбинии дубора ва ворид намудани иловаҳое бори дигар омодаи чоп гардид. Инак, нашри дуввуми он тақдими хонандагон ва ҳаҷгузорони арҷманд мегардад.